Ru  | Tj
Имсол дар Русия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон гузаронида мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Имсол дар Русия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон гузаронида мешавад
Акс: Sputnik

Имсол дар Русия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон гузаронида мешавад

Нашр шуд

Душанбеву Маскав ба баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия изҳори омодагӣ карданд.

Ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, дирӯз Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Вазири фарҳанги Федератсияи Русия Олга Любимова мулоқот анҷом дод.

Дар ин суҳбат тарафҳо масоили марбут ба ташкили маҷмӯи чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миëни Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ карданд.

Манбаъ меафзояд, ки Гулмаҳмадзода ва Любимова дар ин дидор ба баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия  дар соли ҷорӣ ибрози алоқамандӣ намудаанд.

Вазири фарҳанги Русия таъкид дошт, ки омода аст ҷиҳати таҳкиму тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманди дуҷониба барои  истифода ва таблиғи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон ва  Русия талош намояд.

Сафири тоҷик бо қаноатмандӣ аз  пешрафти равобит миёни ду кишвар дар соҳаи фарҳанг изҳори умедворӣ карда, гуфт, ки  табодули  фарҳангӣ  дар соҳаи санъати касбии театрӣ, мусиқӣ ва бадеӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт. 

Бояд гуфт, ки бо мақсади таҳкими бештари робитаҳои фарҳангии ҳар ду кишвар қаблан дар соли 2017 Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон ва соли 2018 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия баргузор шуда буданд.


Дар рӯзи Наврӯз дар Душанбе ҳамоиши байналмилалӣ баргузор мешавад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед