Ru  | Tj
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 1 милён картушка ҷамъоварӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Имсол дар Тоҷикистон беш аз 1 милён картушка ҷамъоварӣ шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Имсол дар Тоҷикистон беш аз 1 милён картушка ҷамъоварӣ шуд

Нашр шуд

Дар Душанбе бори дувум Ҷашнвораи картушка баргузор шуд ва ба гуфтаи масъулин имсол дар Тоҷикистон 1 милёну 150 ҳазор тон ҳосили картушка ба даст омад. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" хабар дод.

Рӯзи 26-уми ноябр дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе Ҷашнвораи картушка ва омода кардани ғизо аз он сурат гирифт, ки дар он кишоварзони Тоҷикистон 400 тон навъи картушкаро ба фурӯш гузоштанд.

Сулаймон Зиëзода, муовини сарвазири Тоҷикистон дар ин маросим гуфт, ки соли 2020 дар ин кишвар 1 милён тон картушка истеҳсол шуда буд. Ба гуфтаи вай, ин нишондод соли 2021 ба 1 милёну 20 ҳазор тон расида, соли равон истеҳсоли картушка дар Тоҷикистон ба 1 милёну 150 ҳазор тон мерасад. Зиёзода таъкид кард, ки ин миқдор ҳосили картушка барои таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон таъсири мусбат мерасонад.

Номбурда таъкид кард, ки дар ҷамъбасти даҳмоҳаи соли 2023 саҳми кишоварзони Тоҷикистон дар Маҷмуъи маҳсулоти дохилии ин кишвар ба 25 дарсад баробар шудааст.

Зикр гардид, ки соли равон дар Тоҷикистон дар майдони 55 ҳазору 527 ҳектор картушка кишт шуд. То 1-уми ноябри соли равон 989 ҳазору 782 тон картушка ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 50 ҳазор тон зиёд мебошад.

Дар Тоҷикистон картушка асосан дар минтақаи водии Рашт, ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаи вилояти Суғд, водии Ҳисор ва минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон парвариш мешавад, ки навъи беҳтарини он ба минтақаи Рашт рост меояд.

Ба гуфтаи мутахассисон, меъёри тавсияшудаи истеъмоли картушка дар Тоҷикистон барои як нафар дар як сол 92 кило аст.

Тибқи маълумоти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар соли 2010, дар дунё 52 дарсади ҳосили картушка барои ғизои одамон, 34 дарсад барои хӯроки ҷонварон, 10 дарсад барои тухмӣ ва қариб 4 дарсад барои истеҳсоли крахмал ва спирт сарф мегардад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед