Ru  | Tj
Имсол дар Тоҷикистон зиёда аз 200 ҳазор нафар ба синфи якум мераванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Имсол дар Тоҷикистон зиёда аз 200 ҳазор нафар ба синфи якум мераванд
Акс: Sputnik

Имсол дар Тоҷикистон зиёда аз 200 ҳазор нафар ба синфи якум мераванд

Нашр шуд

Бино ба маълумоти оморӣ, имсол дар Тоҷикистон зиёда аз 200 ҳазор наврас ба синфи якум мераванд.

Гуфтан бамаврид аст, ки тибқи қонунгузорӣ кӯдакони 7-сола ва онҳое, ки то охири моҳи декабр 7-сола мешаванд, ба синфи якум қабул карда мешаванд.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар кишвар 3 ҳазору 940 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 миллиону 195 ҳазору 619 нафар хонанда таълим мегиранд, ки ба онҳо 128 ҳазору 827 омӯзгор дарс медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳоло дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 113 омӯзгор, вилояти Хатлон 25, вилояти Суғд 60,  шаҳри Душанбе 35 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 311 омӯзгор намерасад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 дар кишвар 240 ҳазор нафар ба синфи якум рафта буданд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон 1-уми сентябр  чун Рӯзи Дониш таҷлил карда мешавад.


Дар Душанбе бунёди як мактаби муосир барои 3500 хонанда оғоз мешавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед