Ru  | Tj
Имзои чор санади ҳамкорӣ: Робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон тақвият меёбанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Имзои чор санади ҳамкорӣ: Робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон тақвият меёбанд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имзои чор санади ҳамкорӣ: Робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон тақвият меёбанд

Нашр шуд

Гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф овардаанд.

Тавре Вазорати меҳнати кишвар иттилоъ медиҳад, дар пайи мулоқоти Раҳмонзода Абдулғаффор, муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ  ва ҳамтои ӯзбеки ӯ Муҳиддинов Э., дар соҳаи меҳнат як қатор санадҳои ҳамкорӣ  ба имзо расидааст.

Ба таъкиди манбаъ, ҳуҷҷатҳои имзогардида аз "Ёддошти тафоҳум байни Агентии муҳоҷирати меҳнатии назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии ҶӮ ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ", "Эъломияи ҳусни ният оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии ҶӮ оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои назорати давлатии меҳнат", "Эъломияи ҳусни ният оид ба масъалаҳои рақамикунонии муносибатҳои меҳнатӣ  ва идоракунии лоиҳаҳо дар самти меҳнат байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва Маркази идоракунии лоиҳаҳо дар самти меҳнати назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии ҶӮ", "Эъломияи ҳусни ният оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии ҶӮ оид ба ҳамкорӣ  дар масъалаҳои таҳсилоти касбӣ" иборат буд.

Феълан заминаи қарордодиву ҳуқуқии ду кишвар беш 200 созишномаро фаро мегирад.



Эмомалӣ Раҳмон Президенти тозаинтихоби Эронро табрик кард: Мо хоҳони таҳкиму тавсиаи робитаҳои дӯстӣ ҳастем



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед