Ru  | Tj
Имзои санади нав. Вазоратҳои молияи Тоҷикистону Узбекистон ҳамкориҳои худро тақвият мебахшанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Имзои санади нав. Вазоратҳои молияи Тоҷикистону Узбекистон ҳамкориҳои худро тақвият мебахшанд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати молияи Тоҷикистон

Имзои санади нав. Вазоратҳои молияи Тоҷикистону Узбекистон ҳамкориҳои худро тақвият мебахшанд

Нашр шуд

Дар Тошканд Миёни Вазоратҳои молияи Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ба иттилои Вазорати молия, дирӯз Файзиддин Қаҳҳорзода, Вазири молияи Тоҷикистон ва Тимур Ишметов, ҳамтои узбеки вай дар шаҳри Тошканд Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни вазоратҳои молияи ду кишварро имзо кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, ба имзо расидани санади мазкур ба тақвияти ҳамкории ин вазоратҳо дар самти боло бурдани самаранокии идоранамоии молияи давлатӣ мусоидат мекунад.

Ин Ёддошти тафоҳум рӯзи панҷшанбеи 30-юми сентябр дар ҳошияи баргузории нахустин Форуми иқтисодии Узбекистон ба имзо расидааст.

Файзиддин Қаҳҳорзода ба хотири ширкат дар ин форум ба Тошканд рафта буд.

Нахустин Форуми иқтисодии Узбекистон рӯзҳои 29-30-юми сентябр дар Тошканд ва бо ҳузури намояндагони воломақоми давлатҳо, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, бонкҳо ва сармоягузорон, инчунин ширкатҳои аудиторию консалтингӣ баргузор гардид.




Кинофестивали Тошканд: Сайрам Исоева ҷоиза ва $20 000 ҷоиза гирифт

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед