Ru  | Tj
Ҳиндустон ва кишварҳои ОМ қасд намудаанд ба мардуми Афғонистон кӯмаки башардӯстона расонанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳиндустон ва кишварҳои ОМ қасд намудаанд ба мардуми Афғонистон кӯмаки башардӯстона расонанд
Акс: Интернет

Ҳиндустон ва кишварҳои ОМ қасд намудаанд ба мардуми Афғонистон кӯмаки башардӯстона расонанд

Нашр шуд

Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расидаанд, ки оид ба вазъи Афғонистон гурӯҳи муташаккили кориро ташкил диҳанд.

Тавре "ТАСС" хабар медиҳад, дар саммити сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон сарони давлатҳо вазъи феълии Афғонистон ва таъсири он ба амну субот дар минтақаро ба баррасӣ кашидаанд.

Таъкид мегардад, ки зимни нишаст роҳбарони давлатҳо бори дигар ҷонибдории қатъии худро аз Афғонистони осоишта, амн ва субот дар ин кишвар тасдиқ намудаанд.

Ба афзоиши манбаъ, дар изҳороти муштараки Делӣ, ки дар натиҷаи саммити Ҳинд - Осиёи Марказӣ қабул шудааст, гуфта шудааст, ки бо назардошти вазъияти бӯҳрони башарии Афғонистон расонидани кӯмаки гуманитарии таъҷилӣ ба мардуми афғон идома меёбад.

Ҳамчунин, дар анҷоми саммит иштирокчиён аҳаммиятнокии қатъномаи 2593-и Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳидро, ки талаби истифода набурдани  қаламрави Афғонистон ба сифати паноҳгоҳ, омодагӣ, тарҳрезӣ ва маблағгузории амалҳои террористӣ ва даъват ба амалҳои муштарак алайҳи дилхоҳ гурӯҳи террористиро дорад, баён доштаанд. 

Ёдрас мешавем, ки саммити Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ бо ташаббуси Ню-Дели роҳандозӣ гардида, рӯзи 27-уми январи соли 2022 дар формати маҷозӣ баргузор гардида буд. Дар ҷаласа Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди ва сарони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат варзидаанд.


Бо ҷудосозии синфҳои духтарону писарон донишгоҳҳои Афғонистон бозкушоӣ мешаванд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед