Ru  | Tj
Ҷинпин: Сарони СҲШ дар Остона саҳифаи нави ҳамкориҳоро боз мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷинпин: Сарони СҲШ дар Остона саҳифаи нави ҳамкориҳоро боз мекунанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Ҷинпин: Сарони СҲШ дар Остона саҳифаи нави ҳамкориҳоро боз мекунанд

Нашр шуд

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори итминон кард, ки ҳамоиши сарони СҲШ  "бо нуктаи мусбат" ба анҷом мерасад.

Нишасти дарпешистодаи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) дар Остона, ки рӯзҳои 3-4 июл баргузор мешавад, хонаводаи бузурги кишварҳои узви ин иттиҳодияро муттаҳид мекунад ва саҳифаи нави ҳамкориҳоро боз мекунад.

Дар ин бора Си Ҷинпин, раиси ҷумҳурии Чин, ки рӯзҳои 2-4 июл сафари давлатӣ ба Қазоқистон анҷом медиҳад, изҳор дошт.

«Ба ҷуз аз сафари давлатӣ дар Остона дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ширкат хоҳам кард, ки дар чаҳорчӯби раёсати Қазоқистон корҳои зиёдеро анҷом дод, ки ба баланд шудани нуфузи созмони мо мусоидат кард. Ман итминон дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак ҳамоиши Остона ба таври мусбат анҷом ёфта, оилаи бузурги СҲШ-ро муттаҳид мекунад ва саҳифаи нави ҳамкориҳоро мекушояд», - гуфта мешавад дар мақолаи Сӣ Ҷинпин таҳти унвони «Чин ва Қазоқистон: Майли муштарак барои уфуқҳои нав», ки онро хабаргузории “Казинформ” чоп кардааст.

Бояд гуфт, ки баъди сафари давлатӣ ба Қазоқистон ва ширкат дар нишасти сарони СҲШ дар Остона,  Сӣ Ҷинпин рӯзҳои 4-6 июл ба Тоҷикистон низ сафари давлатӣ анҷом хоҳад дод.

Гуфтанист, ҷаласаи 24-уми Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ рӯзи 4 июл дар Қасри истиқлол дар Остона баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар ин нишаст Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ ва раҳбарони як қатор созмонҳои байналмилалӣ ширкат кунанд.
 
Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой соли 2001 дар шаҳри Шонгҳой таъсис шуда, дар оғоз шаш кишвар - Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Тоҷикистон ва Узбекистонро шомил буд.

Соли соли 2017 ба ин созмон Ҳинд ва Покистон ва дар соли 2023 Эрон ворид шуд. Интизор меравад, ки дар нишасти Остона раванди пайвастани Беларус ба СҲШ ниҳоӣ шавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед