Ru  | Tj
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ бахшида ба 20-солагии таъсиси СҲШ конфронси илмӣ баргузор менамояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ бахшида ба 20-солагии таъсиси СҲШ конфронси илмӣ баргузор менамояд
Акс: Интернет

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ бахшида ба 20-солагии таъсиси СҲШ конфронси илмӣ баргузор менамояд

Нашр шуд

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ дар назар дорад, ки рӯзи 29-уми апрели соли равон дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон яке аз поягузорони Созмони Ҳамкории Шанхай” конфронси илмӣ баргузор намояд.

Бино ба маълумоти институти мазкур мақсади асосии баргузор намудани конфронс аз таҳлили илмии нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъсиси СҲШ, нишон додани мавқеи Тоҷикистон дар рушди созмон ва дигар масъалаҳои муҳим иборат аст.

Бояд гуфт, ки дар конфронс мавзӯҳои панҷгонаи Шанхай ҳамчун асоси ташаккули Созмони Ҳамкории Шанхай, саҳми Пешвои миллат дар таъсиси СҲШ, ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СҲШ, рушди Созмони Ҳамкории Шанхай дар давраи ҷаҳонишавӣ, ҳамгироии тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар доираи СҲШ, ташабусҳои Тоҷикистон дар СҲШ ва дигар масъалаҳо баррасӣ мегарданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед