Ru  | Tj
Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз коҳиши рушди саноат дар вилояти Суғд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз коҳиши рушди саноат дар вилояти Суғд
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз коҳиши рушди саноат дар вилояти Суғд

Нашр шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз коҳиши суръати рушди саноат ва ҳамчунин ҷалби нокифояи сармояи мустақим дар вилояти Суғд интиқод кард.

Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон рӯзи 10-уми апрел зимни машварати корӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисодии ин вилоят дар се моҳи аввали соли ҷориро баррасӣ кард.

Тибқи иттилоъи хабаргузории расмии “Ховар”, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҷаласа гуфт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 6,1 милярд сомонӣ расида, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023 ҳамагӣ 6 дарсад зиёд шудааст, ки ба ҳадафи саноатисозии босуръати кишвар мутобиқ нест.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, суръати рушди нишондиҳандаи саноат дар ин давра 4,1 банди дарсадӣ коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла ба таъкиди раисҷумҳури Тоҷикистон ин давра дар ҳудуди вилояти Суғд 29 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмонда, ҳамзамон дар ин давра дар ин вилоят 20 корхонаи саноатӣ барҳам хӯрдааст.

Дар ҳоле ки ба таъкиди Эмомали Раҳмон имкони истифоданашудаи вилояти Суғд дар бахши рушди саноат, бавижа саноати истихроҷ ва полоиш ниҳоят зиёд аст.

«Тавассути афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, хусусан молҳои ивазкунандаи воридот мо метавонем бозори дохилиро бо маҳсулоти хушсифат ва безарар таъмин карда, пеши роҳи воридоти ҳар гуна маҳсулоти пастсифат ва зараровари хориҷиро гирем», - изҳор дошт раисҷумҳури Тоҷикистон.

Дар идома дар ин ҷаласа зикр шуд, ки соли 2023 ба вилояти Суғд беш аз 6 милярд сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2022 32,8 дарсад кам аст. Аз сӯйи дигар воридоти сармояи мустақим ба вилояти Суғд дар ин муддат 71,3 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бояд гуфт, ки дар чаҳорчӯби Барномаи рушди иҷтимоъиву иқтисодии вилояти Суғд  барои солҳои 2021-2025 амалисозии 237 лоиҳа ба маблағи беш аз 10 милярд сомонӣ барномарезӣ шудааст ва то имрӯз дар доираи 57 лоиҳа корҳо ба маблағи 6,6 милярд сомонӣ ба анҷом расидааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед