Ru  | Tj
Интиқоди намояндагони сиёсии Афғонистон дар хориҷа аз нокомии Толибон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Интиқоди намояндагони сиёсии Афғонистон дар хориҷа аз нокомии Толибон
Акс: etilaatroz.com

Интиқоди намояндагони сиёсии Афғонистон дар хориҷа аз нокомии Толибон

Нашр шуд

Намояндагони сиёсӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар хориҷа дар як паёми муштарак гуфтаанд, ки ҳамлаи маргталабона дар Кобул аз нокомии Толибон* дар таъмини амният шаҳодат медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки ин ҳамла, ки Толибон онро ноком арзёбӣ карданд, рӯзи 27-уми март дар наздикии бинои Вазорати умури хориҷии Афғонистон дар Кобул рух дод. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Толибон, дар ин ҳамла шаш нафар кушта ва чанд тани дигар захмӣ шудаанд.

Пойгоҳи etilaatroz.com дар ин замина хабар медиҳад, ки намояндагиҳои сиёсӣ ва консулгарии Афғонистон дар хориҷа, ки таҳти роҳбарии дипломатҳои ҳукумати қаблӣ қарор доранд, дар як паём гуфтаанд, ки дар ин таркиш теъдоде аз кормандони вазорати корҳои хориҷӣ низ кушта ва захмӣ шудаанд.

Намояндагони сиёсӣ ва консулгарии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ин ҳамларо маҳкум карда, ҳамдардии худро ба хонаводаи қурбониён баён кардаанд.

Дар ҳамин ҳол гурӯҳи террористии ДОИШ* масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифта ва гуфтааст, ки як маргталаби ин гурӯҳ тавонист ҳамлаеро дар назди вазорати хориҷаи Толибон анҷом диҳад.

Ба иддаои ДОИШ, дар ин ҳамла 20 нафар, аз ҷумла дипломатҳо кушта ё захмӣ шудаанд. Вазорати умури дохилии Толибон теъдоди кушташудагонро шаш нафар эълон кард.

Ба гуфтаи Толибон, як бомбгузори маргталаб қабл аз расидан ба ҳадаф кушта шуд ва маводи таркандааш мунфаҷир шуд.

Аз сӯйи дигар бемористони ёрии таъҷилии Кобул эълом кард, ки ду кушта ва 12 захмӣ, аз ҷумла як кӯдак ба шуъбаи ҷарроҳии ин бемористон интиқол ёфтанд.

*Фаъолияти ин созмонҳо дар Тоҷикистон мамнӯъст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед