Ru  | Tj
Интиқоди шадиди Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти додрасҳои Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Интиқоди шадиди Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти додрасҳои Тоҷикистон
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Интиқоди шадиди Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти додрасҳои Тоҷикистон

Нашр шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки тайи даҳ соли охир 107 нафар кормандони низоми додгоҳӣ бо иттиҳомоти мухталиф, аз ҷумла фасоди молӣ маҳкум шуданд.

Рӯзи 5 декабр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз ифтитоҳи бинои Додгоҳи олӣ бо кормандони низоми додгоҳии ин кишвар мулоқот кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти раҳбари Тоҷикистон иттилоъ дод.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ гуфт, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди тадриҷан беҳтар гардидани кори додрасҳо дар фаъолияти онҳо ҳанӯз камбудиву норасоиҳо ба назар мерасанд.

Ба гуфтаи вай, дар солҳои 2020 – 2023 ва нӯҳ моҳи соли 2024 аз ҷониби додгоҳҳои зинаи болоӣ беш аз 1700 қарори додгоҳҳои зинаи поёнӣ бекор гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома зикр кард, ки дар ин муддат аз ҷониби Додгоҳи Олӣ 2320 муроҷиати шаҳрвандон нисбат ба кирдори додрасҳо ва кормандони додгоҳҳо баррасӣ гардид.

Ҳамзамон солҳои 2020 – 2023 ва даҳ моҳи соли ҷорӣ ба дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба амали додрасҳо, кашолкорӣ дар баррасии парвандаҳо ва норозигӣ нисбат ба санадҳои додгоҳӣ 4332 муроҷиат ворид гардидааст.

Ҳамчунин, раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҳолатҳои даст ба ҷиноят задани баъзе додрасҳо ва кормандони додгоҳҳо амиқан изҳори нигаронӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина афзуд, ки дар даҳ соли охир нисбат ба 107 нафар, аз ҷумла 45 нафар додрас парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, онҳо маҳкум шуданд.

Таъкид шуд, ки ҷиноятҳои содиршуда, асосан қаллобӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ, ришвагирӣ ва баровардани ҳукми ноодилона аз ҷониби додрасҳо мебошад.

Бояд гуфт, ки низоми додгоҳӣ як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
 
Айни замон дар низоми ҳокимияти додгоҳии Тоҷикистон 385 додрас фаъолият дорад, ки 97 нафари онҳо занон мебошанд.



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед