Ru  | Tj
Интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз раиси додгоҳ барои латукӯби сарбоз

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз раиси додгоҳ барои латукӯби сарбоз
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз раиси додгоҳ барои латукӯби сарбоз

Нашр шуд

Раиси додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон дар латӯкуби як сарбози нерӯҳои марзбонӣ дар посгоҳи назоратӣ муттаҳам мешавад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 18 июл дар сохторҳои мақомоти додгоҳӣ, додситонӣ, Вазорати мудофиа, Агентии мубориза бо фасоди молӣ, Вазорати маориф ва илм, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва дигар ниҳодҳо тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.

Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо кадрҳои навтаъиншуда, аз рафтори Зоҳир Муминзода, раиси додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон интиқод кард.

Гуфта мешавад, ки зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба рафтори ношоиста ва ғайриоинномавии раиси додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон Зоҳир Муминзода, ки нисбати сарбози нерӯҳои сарҳадӣ дар постгоҳи назоратӣ ба худ раво дидааст, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид кард, ки номбурда натанҳо аз вазифа, балки аз мақомоти додгоҳӣ комилан ронда шавад.

Бояд гуфт, ки ахиран бархе расонаҳо навиштанд, ки Зоҳир Муминзода дар латукӯби як сарбози неруҳои марзбонӣ гумонбар аст. Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса рӯзи 8 июли соли ҷорӣ дар посгоҳи назоратии “Дараи об” рух дода, Зоҳир Муминзода сарбозро барои пурсидани санади тасдиқкунандаи шахсият бо мушт задааст.

Бояд гуфт, ки Зоҳир Муъминзода, ҳафт сол қабл бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон ба вазифаи раиси Додгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон таъйин шуда буд.

Дар ҳамин ҳол дар тағйироти ахири кадрӣ, бо фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистон раиси додгоҳи шаҳри Хоруғи ВМКБ, раиси додгоҳи ноҳияи Дӯстӣ, додрасҳои навоҳии Қубодиён, Панҷ ва шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, муовини раиси додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, муовини раиси додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе, муовини раиси додгоҳи ҳарбии Душанбе ва муовини раиси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иваз карда шуданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед