Ru  | Tj
Қирғизистон мехоҳад ба қирғизҳои этникии Афғонистон, ки ба Тоҷикистон паноҳ бурдаанд, паноҳандагӣ диҳад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қирғизистон мехоҳад ба қирғизҳои этникии Афғонистон, ки ба Тоҷикистон паноҳ бурдаанд, паноҳандагӣ диҳад
Акс: ASIA-Plus

Қирғизистон мехоҳад ба қирғизҳои этникии Афғонистон, ки ба Тоҷикистон паноҳ бурдаанд, паноҳандагӣ диҳад

Нашр шуд

Қирғизистон бо Тоҷикистон оиди гурезагони қирғизи Афғонистон машваратҳо бурда истодаанд.

Муовини раиси Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Жилдиз Бакашова марбут ба масъалаи қирғизҳои этникии Афғонистон, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳаракати Толибон сарҳади давлатии Афғонистону Тоҷикистонро убур намуда, муваққатан дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой шудаанд, ҷаласа баргузор намуд. Дар ин бора Котиботи ҳукумати Қирғизистон иттилоъ медиҳад.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон вобаста ба тахлияи минбаъдаи қирғизҳои Афғонистон ба қаламрави Қирғизистон бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон кор бурда истодааст. Ҷумҳурии Қирғизистон омодагии худро ҷиҳати қабул намудани гурезаҳои ҳамтабори худ эълом дошт.

Ба ниҳодҳои дахлдори давлатии Қирғизистон дастур дода шудааст, ки барои қабули гурезаҳо аз ҷиҳати тиббӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва мавзеъҳои зист шароит фароҳам созанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 13-14-уми июл 347 сокинони деҳаи Андемини ноҳияи Вахони вилояти Бадахшони ҶИА, ки аслашон қирғиз аст, барои наҷот ёфтан аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳаракати Толибон ба воситаи деҳоти Ҷамоати Қизил-Работи ноҳияи Мурғоби ВМКБ ба қаламрави Тоҷикистон фирор намуданд.

Қушунҳои сарҳадии КДАМ: 347 сокини осоиштаи Афғонистон ба хоки Тоҷикистон паноҳ бурданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед