Ru  | Tj
Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба баҳси марзӣ нуқта гузоштанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба баҳси марзӣ нуқта гузоштанд
Акс: uz24.uz

Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба баҳси марзӣ нуқта гузоштанд

Нашр шуд

Дар поёни дидори Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов, раҳбарони Ӯзбекистон ва Қирғизистон 25 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид. Аз ҷумла ду кишвар ба баҳси марзӣ миёни ду кишвар нуқта гузоштанд.

Тибқи иттилои хабаргузории nuz.uz, рӯзи 27-уми январ дар шаҳри Бишкек раҳбари Қирғизистон Содир Ҷабборов ва кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Бишкек Эъломия дар бораи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни ду кишварро имзо карданд. Ҳамчунин маросими табодули тасвибномаи созишнома дар бораи қитъаҳои алоҳидаи сарҳади Қирғизистону Ӯзбекистон баргузор шуд.

Тавре ки қаблан зимни имзои тасвиби ин санад дар парлумони Қирғизистон зикр шуд, дар натиҷаи музокироти ахир беш аз 13 ҳазор гектар замини баҳсӣ дар минтақаҳои баҳсӣ ба Қирғизистон гузашт.

Дар натиҷа 4127 гектар замин мувофиқи шартномаи соли 1965 Ӯзбекистон барои обанбори Кампиробод ба Қирғизистон ҷуброн карда буд. Инчунин аз ҳисоби кам шудани сатҳи оби ин обанбор аз 908 то 900 метр 1246 гектар замин ба ихтиёри Қирғизистон дода мешавад.

Дар чаҳорчӯби Созишномаи байни Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи идораи муштараки захираҳои об дар обанбори Кампиробод барои назорат ба кори обанбор, муайян кардани ҳадди ниҳоии об ва пешгирӣ аз болоравии сатҳи об беш аз 900 метр як коргурӯҳ иборат аз 12 нафар таъсис дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон зимни суханронии худ ин рӯзро таърихӣ унвон карда гуфт, ки табодули санадҳои расмӣ ба раванди муайян кардани марзи давлатӣ миёни Қирғизистону Ӯзбекистон нуқта гузошт. Ба гуфтаи Ҷабборов, ҳалли ниҳоии масъалаи марзӣ дар рушди минбаъдаи муносибатҳои бародарона, таҳкими равобити марзӣ миёни ду кишвар нақши калидӣ бозида, инчунин ба таҳкими суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.

Тибқи созишномаи имзошуда, хати қитъаи сарҳади давлатӣ миёни ду кишвар бо дарозии умумии 302 километру 290 метр муайян шудааст.

Бояд гуфт, ки баъди анҷоми музокироти сатҳи олӣ миёни Қирғизистону Ӯзбекистон 25 санади нави ҳамкорӣ дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба имзо расид.

Дар нишасти матбуотии муштараки раҳбарони Қирғизистону Ӯзбекистон зикр шуд, ки тайи ҳафт соли охир ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар 7 баробар зиёд шуда, дар соли 2022 ба 1,3 миллиард доллар расидааст.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед