Ru  | Tj
Иштироки ҷудокорони тоҷик дар озмуни байналмилалии навбатӣ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Иштироки ҷудокорони тоҷик дар озмуни байналмилалии навбатӣ
Расм аз Sugdnews.tj

Иштироки ҷудокорони тоҷик дар озмуни байналмилалии навбатӣ

Нашр шуд

Озмуни «Tbilisi Grand Slam» оид ба дзюдо миёни беш аз 500 варзишгарони дунё санаи 26-28 март баргузор мегардад.

Аз Тоҷикистон ду нафар олимпичиён Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни - 60кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни - 90кг иштирок хоҳанд кард.

Дар ин озмун 273 мард ва 228 зан дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг, - 60кг, - 66кг -70кг -73кг, +78кг -81кг -90кг, -100кг, +100кг барои ҷойи якум мубориза мебаранд.

Озмун мукофотҳои пулиро низ пешбинӣ намудааст ва беҳтаринҳои мусобиқа барои ҷойи якум 5000 доллари ИМА, ҷойи дуюм — 3000 доллар ва барои ҷойи сеюм 1500-долларӣ тақдим карда мешавад.

Ҳабиб Нурмагомедов мақоми чемпиониро озод намуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед