Ru  | Tj
Иштироки вазири иқтисоди Тоҷикистон дар онлайн ҷаласаи СММ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Иштироки вазири иқтисоди Тоҷикистон дар онлайн ҷаласаи СММ

Иштироки вазири иқтисоди Тоҷикистон дар онлайн ҷаласаи СММ

Нашр шуд

Вазири рушди иҷтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар мизи мудаввари онлайнии СММ бахшида ба рушди иқтисоди кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором иштирок намуд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки ҳамаи ташаббусҳои пешниҳодшудаи СММ-ро дастгирӣ намуда, тибқи Низомнамоҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад. Чунин ташаббус Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим мебошад, ки тибқи он Тоҷикистон ба истеҳсоли “нерӯи сабз” машғуласт. Кушишҳои Тоҷикистон аз тарафи иштирокчиёни мизи мудаввар дар бунёди нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ ва коҳиш додани истифодаи ангишт дар саноат мавриди зикр қарор гирифт.

Армида Салсиа Алисҷаҳбана мудири иҷроияи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ дари минтақаҳои Осиё ва Уқёнуси Ором сиёсати Тоҷикистонро дар самти истифодаи “нерӯи сабз” пешқадам номида, қайд кард, ки дар таъмини рушди иқтисод саҳми беназир дорад.

Тоҷикистон аз пандемия дар соҳаи боркашони 300 млн. сомонӣ зарар дид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед