Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Исроил аз оғози амалиёти заминӣ дар дохили Лубнон эълон кард
Нашр шуд
Артиши Исроил аз вуруди нируҳои заминии худ ба Лубнон хабар дод, аммо гуфт, ки ин амалиёт “маҳдуд, маҳалӣ ва ҳадафмандона” бо мақсади тахриби зербиноҳои "Ҳизбуллоҳ" дар ҷануби Лубнон мебошад.
"Чанд соат пеш нерӯҳои Исроил бар асоси маълумоти дақиқи иктишофӣ алайҳи маконҳои террористии "Ҳизбуллоҳ" ва зерсохторҳо дар ҷануби Лубнон амалиёти маҳдуд, маҳаллӣ ва ҳадафманди заминиро оғоз карданд. Ин ҳадафҳо дар деҳаҳои наздик ба сарҳад ҷойгир шудаанд ва ба аҳолӣ дар шимоли Исроил таҳдиди мустақим доранд”, - гуфта мешавад дар хабари Артиши Исроил.
Артиши Исроил мегӯяд, ки нерӯҳои заминӣ аз ҷониби нерӯҳои ҳавоӣ ва тӯпхона ҳимоят мешаванд.
Як соат пеш аз оғози ин амалиёти заминӣ, дар Бейрут садои чанд инфиҷори даҳшатборе шунида шуд, ки чанд дақиқа пас аз он ки артиши Исроил бо забони арабӣ ба сокинони ҷануби Бейрут, ба хусус Даҳия ҳушдор дод, ки ҳадди ақал аз яке аз биноҳои марбут ба "Ҳизбуллоҳ" 500 метр дуртар фосила бигиранд.
Илова бар ин, ҳавопаймоҳои исроилӣ ба манотиқи ҷанубии Бейрут, ки ҳамчун "қалъа"-и "Ҳизбуллоҳ" тавсиф мешавад, ҳамла карданд. Дар ҳамин макон рӯзи 27 сентябр раҳбари ин гурӯҳ Ҳасан Насруллоҳ дар ҳамлаи ҳавоии Исроил кушта шуд.
Аз сӯи дигар раҳбарияти "Ҳизбуллоҳ" қаблан гуфта буд, ки омода аст ба ҳама гуна ҳамлаи заминӣ муқовимат кунад.
Вазорати тандурустии Лубнон рӯзи 30 сентябр эълон кард, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил дар ин кишвар 95 нафар кушта ва 172 нафар захмӣ шудаанд, ки бештари қурбониён дар ҷануб, дар наздикии марз бо Исроил ҳастанд. Дар маҷмуъ, ба иттилои ин ниҳод, аз оғози задухӯрдҳои фаромарзӣ давоми як соли охир бар асари ҳамлаҳои Исроил дар Лубнон, 1745 нафар кушта ва 8767 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Дар баробари ин, Созмони Милал мегӯяд, ки дар давоми як ҳафта беш аз як миллион нафар аз Лубнон ба Сурия фирор кардаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед