Ru  | Tj
Исроил ба паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон 500 ҳазор доллар маблағи кӯмак фиристодааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Исроил ба паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон 500 ҳазор доллар маблағи кӯмак фиристодааст
Акс: Интернет

Исроил ба паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон 500 ҳазор доллар маблағи кӯмак фиристодааст

Нашр шуд

Кӯмаки гуманитарӣ ҷиҳати таъмини гурезагони афғон бо маводи озӯқа ва хизматрасониҳои тиббӣ пешбинӣ шудааст.

Тавре "Regnum" хабар медиҳад, Мудири кулли Вазорати корҳои хориҷии Исроил Алон Ушпиз дар яке аз баромадҳои худ гуфтааст, ки ин кишвар ба сифати кӯмаки башардӯстона ба гурезагони афғон, ки дар Тоҷикистон паноҳ бурдаанд, ба СММ 500 ҳазор доллар ихтисос додааст.

Таъкид мегардад, Ушпиз изҳор доштааст, ки саҳм гузоштан дар талошҳои байналмиллалӣ ҷиҳати кӯмак ба фирориёни  Афғонистон иқдоми инсондӯстона буда, ин амал барои Тел-Авив мояи ифтихор аст.

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 11-уми январ дар муроҷиат ба  кишварҳои узв арз  карда буд, ки ҷиҳати наҷоти мардуми Афғонистон аз бӯҳрони фақр ва гуруснагӣ дар соли 2022 наздики 5 миллиард доллар лозим аст. 


Эмомалӣ Раҳмон: “Дар шимолшарқи Афғонистон 6 ҳазор ҷангҷӯ вуҷуд дорад”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед