Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Исроил сафорати худро дар Ирландия мебандад
Нашр шуд
Исроил эълон кард, ки сафорати худро дар Дублин ба далели "сиёсати ифротӣ ва зиддиисроилии ҳукумати Ирландия" мебандад.
Гидеон Саар, вазири хориҷаи Исроил таъкид кард, ки Ирландия "ҳамаи хатҳои сурхро убур кард" ва ба ҳамин далел Исроил тасмим гирифт, сафорати худро дар Дублин бибандад. Дар ин бора Вазорати хориҷаи Исроил хабар дод.
Гидеон Саар ба тасмими Ирландия дар мавриди эътирофи давлати Фаластин ва ҳимояти Дублин аз иқдомоти Африқои Ҷанубӣ алайҳи Исроил дар Додгоҳи байналмилалии адлия ишора кард ва онро ҳамчун намунаи "Исроилситезӣ" муаррифӣ кард.
Дар ҳамин ҳол Саймон Ҳаррис, сарвазири Ирландия тасмими Исроилро хеле таассуфовар хонда ва таъкид кард, ки Ирландия зидди Исроил нест, балки аз сулҳ ҳимоят мекунад.
Майкл Мартин, вазири умури хориҷаи Ирландия низ гуфт, ки Дублин қасди бастани сафорати худ дар Исроилро надорад.
Вай афзуд, ки мавқеи Ирландия ҳамеша бар пояи усулҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва қавонини башардӯстона будааст. Мартин ҳамчунин идомаи ҷанг дар Ғазза ва "қурбонии ғайринизомиёни бегуноҳ"-ро ғайри қобили қабул хонд ва хостори оташбаси фаврӣ, раҳоии гаравгонҳо ва ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғазза шуд.
Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта Ирландия аз шикояти Африқои Ҷанубӣ алайҳи Исроил дар Додгоҳи Байналмилалии ҷиноӣ пуштибонӣ карда, Исроилро дар наслкушӣ муттаҳам кард.
Қобили зикр аст, ки равобити Исроил ва Ирландия беш аз як сол боз ба сардӣ гароидааст. Қаблан Исроил аз раисиҷумҳури Ирландия ба далели навиштани номаи табрикӣ ба Масъуд Пизишкиён барои пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон шадидан интиқод карда буд.
Аз сӯи дигар Ирландия аз 7 октябри соли 2023 ба ин сӯ борҳо аз Исроил дархост кард, ҳамлаҳояш ба навори Ғаззаро, ки то кунун ҳудуди 45 ҳазор нафар кушта бар ҷой гузошт, хотима диҳад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед