Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳиссаи рубл дар ҳисоббаробаркуниҳои Тоҷикистон бо Русия ба 97,5% расид
Нашр шуд
Сироҷиддин Икромӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, аз соли 2021 то кунун ин рақам беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи вай, рубл дар тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон озодона мубодила мешавад.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews
«Қобили зикр аст, ки ҳиссаи рубли русӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо барои амалиёти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 97,5 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар соли 2021 ҳамагӣ 45 фоизро ташкил дод», - гуфт Икромӣ дар мизи мудаввари «Ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия».Дар ин бора ТАСС иттилоъ медиҳад. Икромӣ афзуд, 60 дарсади суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои Тоҷикистон дар бонкҳои Федератсияи Русия боз шудаанд ва Душанбеву Маскав имкони идомаи ҳамкорӣ дар ин заминаро сарфи назар аз таҳримҳои ғарб зидди Русия пайдо кардаанд.
Ба гуфтаи вай, рубл дар тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон озодона мубодила мешавад.
«Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон се низоми интиқоли пули Федератсияи Русия фаъол аст - инҳо Юнистрим, Астрасенд ва Kwikpay, ки ба наздикӣ иҷозатнома гирифт. Боз як низоми интиқоли пул ба зудӣ аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома мегирад», - таъкид кард Икромӣ.Хотиррасон мекунем, ки дар аввали моҳи август Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ин ниҳод тамоюли афзоиши ҳаҷми ҳисоббаробаркуниҳо бо рублро дар ИДМ мушоҳида мекунад, ки тақрибан ба 60% расидааст. Ҳамзамон ба гуфтаи вай ҳаҷми пардохтҳо бо доллар коҳиш меёбад.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед