Ru  | Tj
Истаравшан "Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ" эълон шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Истаравшан "Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ" эълон шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Истаравшан "Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ" эълон шуд

Нашр шуд

Дар доираи баргузории нахустин Ҷашнвораи байналмилалии ҳунармандӣ - “Озар”, Истаравшан расман “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” эълон гардид. Ҳамзамон Истаравшан ба узвияти Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ пазируфта шуд.

Дар ин замина раиси Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ, Саад ал-Қаддомӣ ва 20 нафар узви раёсати Шӯрои мазкур, ки 14 давлати дунёро намояндагӣ мекунанд, бо иттифоқи оро раъй доданд. Дар ин бора хадамоти матуботии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар ин маросими мутантан, ки бо иштироки зиёда аз 1000 нафар меҳмонон, аз ҷумла наздики 250 нафар меҳмонон аз 19 кишвари дунё дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан баргузор шуд, Саад ал-Қаддомӣ раиси Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ, шаҳодатномаи “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” дар самти кордсозиро ба роҳбарияти шаҳри Истаравшан тақдим намуд ва Истаравшан дар як вақт ба узвияти Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ пазируфта шуд.

Дар ин маросим Манучеҳр Шарифзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон ва Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд низ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Боиси таъкид аст, ки Истаравшан дар таърих бо ҳунармандонаш маъруф буда, имрӯз низ дар ин бостоншаҳр бо бештар аз 134 намуди ҳунари мардумӣ шуғл доранд.

Баъзе намуди ҳунар, ки қариб дар тамоми ҷаҳон аз байн рафтааст, ҳанӯз ҳам дар ин шаҳри бостонӣ ҳифз ва идома доранд. Яке аз чунин ҳунарҳо оҳангарӣ буда, бо корду ханҷар ва шамшерсозӣ номи Истаравшанро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кардааст.

Бояд таъкид кард, ки дар нахустин Ҷашнвораи байналмилалии ҳунармандӣ дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 250 нафар ҳунарманд аз 19 давлат, аз ҷумла Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Русия, Амрико, Ҳиндустон, Эрон, Булғористон, , Шветсария, Сингапур, Тайланд, Малайзия, Австралия, Чин, Зеландияи нав, Кувайт ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед