Ru  | Tj
"Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 бозӣ мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

"Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022  бозӣ  мекунад
Акс: ASIA-Plus

"Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 бозӣ мекунад

Нашр шуд

Дастаи футболи "Истиқлол" ҷиҳати иштирок дар сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар Арабистони Саудӣ ҳузур дорад.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзи 3-юми апрел футболбозони тоҷикро дар майдони ҳавоии Риёз намояндагони Кумитаи тадорукоти Лигаи қаҳрамонҳо ва кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ пешвоз гирифтаанд.

Гуфта мешавад, бозиҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи асосии Осиё миёни клубҳо дар минтақаи Ғарб ба таври мутамарказ аз 8-ум то 27-уми апрели соли 2022 баргузор мегарданд.

Тибқи низомнома ғолибони 10 гурӯҳ аз ду минтақа, ҳамчунин 6 даста, ки бо нишондиҳандаи беҳтар мақоми дуюмро дар гурӯҳашон ишғол мекунанд, ба 1/8-финал роҳхат хоҳанд гирифт.

Ҳамин тавр, дар ҳолати ба даври дигар баромадан “Истиқлол” бозии даври 1/8-финалро 3-ум ё 4-уми феврали соли 2023 доир менамояд.

Қобили қайд аст, ки дар натиҷаи қуръакашӣ дастаи "Истиқлол"-и Душанбе ба гурӯҳи "А" шомил шуд. Ҳарифони чемпиони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва “Ал-Райян” (Қатар), инчунин ғолиби бозии play-off миёни дастаҳои “Шарҷа” (АМА) ва “Ал-Завраа” (Ироқ) мебошанд.


"Истиқлол" дар бозии аввалини Лигаи қаҳрамонони КФО-2021 бо АМА мусовӣ кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед