Ru  | Tj
«Истиқлол» дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»-ро шикаст дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

«Истиқлол» дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»-ро шикаст дод
Акс: ФФТ

«Истиқлол» дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»-ро шикаст дод

Нашр шуд

Шаби 27-ум ба  28-уми  апрел  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе дар бозии даври панҷуми  марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» бо дастаи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»-и Аморати Муттаҳидаи Араб ба майдон баромада, ин дастаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.   Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бояд гуфт, ки бозӣ бисёр тезу тунд ҷараён гирифта, дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»- ҷониби дарвозаи “Истиқлол” ҳамлаҳои хатарнок менамуд, аммо дарвозабони бомаҳорати  дастаи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе   Рустам Ятимов зарбаҳои рақибро мегардонд.

Ҳамин гуна бозингарони тоҷик дар дақиқаи 90+6 гол заданд.

Хотиррасон мекунем, ки дар даври охир, яъне бозии 6-ум  дастаи футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе   30 апрел бо дастаи АГМК-и Ӯзбекистон  рақобат мекунад. Умед дорем, ки дастаи футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе дар ин дидор низ пирӯз шуда, ба даври 1/8-финалӣ роҳ меёбад.


Имрӯз дастаи футболи «Истиқлол» бо дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» дар бозии даври панҷум рақобат мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед