Ru  | Tj
Истифодаи Тоҷикистон аз имкониятҳои транзитии Бандараббосро дар Теҳрон баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Истифодаи Тоҷикистон аз имкониятҳои транзитии Бандараббосро дар Теҳрон баррасӣ карданд
Акс: Fergana agency

Истифодаи Тоҷикистон аз имкониятҳои транзитии Бандараббосро дар Теҳрон баррасӣ карданд

Нашр шуд

Тоҷикистону Эрон масоили марбут ба истифода аз зарфиятҳои бузурги транзитии Бандараббосро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Вазорати хориҷӣ, 3-юми ноябр Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси вилояти Ҳурмузгони ин кишвар Маҳдӣ Дӯстӣ ва роҳбарони мақомоти иқтисодиву тиҷоратии ин устон дидору гуфтугӯ кард.

Масоили вобаста ба истифода аз имконоти бузурги транзитии бандарҳои ин вилоят, аз ҷумла Бандараабос ба манзури рушди ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа аз меҳварҳои аслии ин мулоқот буд. 

Манбаъ мегӯяд, дар ин дидор Раиси вилояти Ҳурмузгон имконоти иқтисодиву тиҷоратии ин устонро ба Сафири тоҷик муаррифӣ кардаву гуфтааст, ки онҳо барои густариши равобит бо Тоҷикистон алоқаманд ва омода ҳастанд. 

Коршиносон ба ин назаранд, ки интизор меравад дар давраи раёсатҷумҳурии Саид Иброҳим Раисӣ равобити Душанбеву Теҳрон рӯ ба рушд оварад. Раисӣ 5-уми август ҳамчун раисиҷумҳури Эрон савганд ёд кардаву ба фаъолият оғоз намуд ва аввалин сафари расмии хориҷии ӯ низ ба Тоҷикистон буд. 

Дар чаҳорчӯби ин сафар Раисӣ бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дод ва дар музокироти сатҳи баланди ду кишвар иштирок намуд, ки аз натоиҷи он миёни ду кишвар чандин санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. 

Бандарҳои обии Туркманистон барои боркашонии Тоҷикистон истифода мешаванд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед