Ru  | Tj
Истифодаи усули нави ҷарроҳии сурхрӯда ва меъда дар Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Истифодаи усули нави ҷарроҳии сурхрӯда ва меъда дар Тоҷикистон
Акс: Вазорати тандурустии Тоҷикистон

Истифодаи усули нави ҷарроҳии сурхрӯда ва меъда дар Тоҷикистон

Нашр шуд

Пизишкони тоҷик бори аввал аз усули нави ҷарроҳии сурхрӯда ва меъда бо муваффақият истифода карданд. Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилоъи ин ниҳод, пизишкони Маркази саросарии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо дар ҳамдастӣ бо мутахассисони соҳа аз Қазоқистон дар самти ҷарроҳӣ боз ба як навгонии нодир дастёб гаштанд.

Гуфта мешавад, дастовард амалиёти ҷарроҳии эндоскопӣ бе усули буриш аст, ки пардаи зери луобиро кушода,  мушакҳое, ки қисми гузариши сурхрӯда ва меъдаро масдуд кардаанд, онҳоро бурида, қисми луобии сурхрударо бо клипсох маҳкам мекунанд.

Бояд гуфт, ки ҳангоми чунин беморӣ қисми гузариши сурхрӯда ва меъда танг шуда, бемор аз хӯрокхӯрӣ мемонад. Дар ин ҳолат ҳангоми хӯрокхӯрӣ дар бемор аломатҳои қайкунӣ ба миён меояд.

Қаблан ин гуна амалиёти ҷарроҳӣ бо усули анъанаӣ, яъне буридани 15-16 см бадани бемор гузаронида мешуданд, ки дар ин сурат муддати бистарӣ ва табобати беморон тӯлонӣ мешуд.

Дар гузашта ҳангоми чунин амалиёти ҷарроҳии бо буриш бемор давоми 10-12 шабонарӯз дар беморхона бистарӣ мегардид. Акнун бо ин усули нави ҷарроҳӣ беморон метавонанд пас аз 1 рӯзи амалиёти ҷарроҳӣ аз беморхона рухсат шуда, ба хӯрокхӯрӣ оғоз намоянд.

Гуфтанист, ки пизишкони маркази номбурда давоми як сол дар ҷумҳурии Қазоқистон дар робита ба омӯхтани ин намуд амалиёти ҷарроҳӣ дар муассисаҳои тандурустии ин кишвар донишу таҷрибаи хешро такмил додаанд.

Дар ин замина таъкид мешавад, ки дар маҷмуъ давоми се соли охир пизишкони Маркази саросарии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо 8 намуд амалиёти ҷарроҳиро бе буриш аз даҳони бемор бо истифода аз таҷҳизоти муосири тиббӣ ба роҳ мондаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед