Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Иттиҳоди Аврупо барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистон 91 миллион евро кӯмак мекунад
Нашр шуд
Ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон эълон кард, ки ба Афғонистон ва ҳамсоягони Афғонистон як миллиард евро кӯмак хоҳад кард.
Ин масъаларо комиссари ҳамкориҳои байналмилалии иттиҳоди мазкур Ота Орпилинен рӯзи душанбе дар пойтахти Тоҷикистон матраҳ кардааст.
Ин мақомдори Иттиҳоди Аврупо дар ҷараёни боздидаш аз Тоҷикистон бо Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар мавриди Афғонистон дидору гуфтугӯ кардааст.
Ба гуфти Ота Орпилинен барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ба Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо 91 миллион евро ихтисос дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Ҷозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар “Твиттер" навишт, ки иттиҳодия дар пайи таҳкими равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.
“Президент Раҳмон моро ба муколамаи озод оид ба масъалаҳои дуҷониба ва ҳамчунин Афғонистон, аз ҷумла мушкилоти Тоҷикистон ҳамчун як ҳамсояи мустақим даъват кард", - афзудааст Боррел.
Вай гуфта, ки Иттиҳоди Аврупо аз таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон ҳимоят мекунад ва кӯмакҳояшро бидуни ба расмият шинохтани Толибон* идома хоҳад дод.
*Созмони террористӣ
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед