Ru  | Tj
Иттиҳоди Аврупо расман намояндагии худро дар Кобул боз кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо расман намояндагии худро дар Кобул боз кардааст
Акс: Интернет

Иттиҳоди Аврупо расман намояндагии худро дар Кобул боз кардааст

Нашр шуд

Вазорати хориҷаи Толибон* рӯзи 20-уми январ эълом кард, ки Иттиҳоди Аврупо расман намояндагии худро дар Кобул боз кардааст.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Толибон Абдулқаҳҳор Балхӣ дар Твиттер навишт, ки пас аз мулоқотҳои такрорӣ бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо сафорат барои ҳузури доимӣ дар Кобул дубора боз шуд ва расман ба кор шурӯъ кард.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Толибон таъкид кард, ки бар изофаи 220 миллион евро кӯмаки башардӯстона, Иттиҳоди Аврупо ваъдаи 268 миллион евро кӯмаки дигар низ кардааст.

Иттиҳоди Аврупо то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 15-уми август пас аз суқути ҳукумати пешин ба дасти Толибон дар кишвар баста шуд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Иттиҳоди Аврупо талош дорад дар Кобул намояндагии худро боз кунад. Аммо масъулони иттиҳодия таъкид кардаанд, ки ифтитоҳи намояндагӣ дар Кобул ба маънои эътирофи Толибон нест.

*Толибон – Ҳаракати фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Ҷо Байден: “Афғонистон "гӯристони империяҳо" аст, аммо ҳеҷ гоҳ як кишвари муттаҳид буда наметавонад”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед