Ru  | Tj
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тошканд ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тошканд ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонданд
Акс: Sputnik

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тошканд ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонданд

Нашр шуд

Ба манзури тақвияти ҳамкориҳо миёни Федератсияҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ба иттилои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон,  ҳайати ин федератсия рӯзҳои 24-26-уми сентябр бо як сафари корӣ ба Тошканд рафта буд ва ин Ёддошти тафоҳум ҳам дар пойтахти Ӯзбекистон ба имзо расидааст.

Гуфта мешавад, дар чорчӯби ин сафар Маликшо Неъматзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо ҳамтои ӯзбеки худ Қудратулло Рафиқов ва ҳамчунин роҳбарони иттифоқҳои касабаи соҳавӣ дидору гуфтугӯҳо анҷом додааст.

Дар маросими ба имзо расидани Ёддошти тафоҳуми ҳамкории давраӣ миёни Федератсияҳои иттифоқҳои касабаи ду кишвар Абдуҷаббор Раҳмонзода, Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва дигар намояндагони расмии ду ҷониб ҳузур доштаанд.

Бояд гуфт, ки дар бобати рушди робитаҳои мустақим ва табодули таҷрибаи иттифоқҳои касабаи ду кишвар ҳанӯз 9-уми марти соли 2018 дар Изҳороти муштараки сарони Тоҷикистону Ӯзбекистон пас аз нахустин сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе таъкид шуда буд.

Ин сафар ҳамчунин оғози як марҳилаи тоза дар равобити ду кишвари ҳамсоя унвон мешавад.  «Имрӯз мо дар муносибатҳоямон саҳифаи нав боз мекунем ва дар ин бобат саҳми шахсии бародари азизам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ходими барҷастаи давлатӣ ва сиёсӣ, ки хизматҳояшон дар тамоми ҷаҳон эътироф гардидаанд, бузург аст», — гуфта буд Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ дар Душанбе. 

Ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи сейсмология


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед