Ru  | Tj
Изҳори ҳавасмандии мақоми баландпояи СММ ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Изҳори ҳавасмандии мақоми баландпояи СММ ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳори ҳавасмандии мақоми баландпояи СММ ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон

Нашр шуд

Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷӣ бо Миряна Сполярич Эггер, Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дидор ва масоили марбут ба ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи рушди ин созмонро баррасӣ кард.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷаи кишвармон, рӯзи 22-юми июн дар Душанбе мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо хонум Миряна Сполярич Эггер, Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Ёвари маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Мудири минтақавии ин барнома барои Аврупо ва ИДМ баргузор гардид, ки тарафҳо дар он масъалаҳо ва дурнамои рушди баъдии ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва БРСММ-ро баррасӣ намуда, сатҳи муносиботи созанда дар бисёр соҳаҳои рушд, аз ҷумла рушди устувори иқтисодӣ ва пойдории экологиро баланд арзёбӣ карданд.

Манбаъ меафзояд, ки дар ин дидор вазири тоҷик таваҷҷӯҳи Миряна Сполярич Эггерро ба талошу иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла аҳамияти баррасии паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, тақвияти ҳамкорӣ дар чорчӯби Раванди оби Душанбе ҷалб кард.

Дар навбати худ ин мақоми баландпояи Созмони милал барои густариши ҳамкорӣ ва баргузории чорабиниҳои муштарак дар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Дар Душанбе хонум Миряна Сполярич Эггер дирӯз бо Завқӣ Завқизода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон низ дидору гуфтугӯ дошт. 

Имзои 36 ҳуҷҷат оид ба ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед