Ru  | Tj
Изҳори тасаллии Путин ба Раҳмон: Президентҳо сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Изҳори тасаллии Путин ба Раҳмон: Президентҳо сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд
Акс: ASIA-Plus

Изҳори тасаллии Путин ба Раҳмон: Президентҳо сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд

Нашр шуд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Нахуст, дар оғози сӯҳбат Президенти Федератсияи Русия ба даргузашти хоҳари Сарвари давлати Тоҷикистон Қурбонбӣ Раҳмонова изҳори тасаллӣ баён намуд.

Дар сӯҳбат Сарони давлатҳо оид ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия мубодилаи афкор намуда, аз ҷумла ҷараёни омодагиро ба сафари расмии қарибулвуқӯи Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти кишвар хабар додааст.

Дар сӯҳбати Сарони давлатҳо ҳамчунин, мушкилоти Афғонистон баррасӣ шудааст. Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин бо изҳори нигаронӣ дар бораи рушди ташвишовари вазъ дар ин кишвар сӯҳбат кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар сӯҳбат масъалаҳои марбут ба баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва саммити ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баррасӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон соли равон вазифаи раисиро дар созмонҳои бонуфузи минтақавии зикршуда иҷро мекунад.

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед