Ru  | Tj
Ҳизби «Аманат» дар интихоботи парлумонии Қазоқистон пешсаф аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳизби «Аманат» дар интихоботи парлумонии Қазоқистон пешсаф аст
Акс: Sputnik

Ҳизби «Аманат» дар интихоботи парлумонии Қазоқистон пешсаф аст

Нашр шуд

Натиҷаҳои назарсанҷии exit-poll дар интихоботи парлумонии Қазоқистон бозгӯйи он аст, ки ҳизби «Аманат» беш аз 50 дарсади раъйи мардумро касб кардааст.

Дар Қазоқистон рӯзи 19-уми март интихоботи парлумонӣ ва намояндагони маҷлисҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ баргузор шуд. Дар интихобот ҳамаи ҳафт ҳизби сабтиномшуда дар ин кишвар – «Аманат», «Ауил», «Республика», «Ҳизби халқии Қазоқистон», «Байтак», «Ак Жол», Ҳизби миллии сотсиал-демократ ширкат карданд.

Тибқи охирин гузориши Коргурӯҳи марказии интихоботи Қазоқистон дар раъйдиҳӣ 54,19% аз овоздиҳандагон, яъне беш аз 6,5 млн нафар ширкат карданд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои қазоқӣ бо такя ба натиҷаҳои назарсанҷиҳои exit-poll менависанд, ки ҳизби ҳокими «Аманат»-и Қазоқистон дар интихоботи пеш аз муҳлати парлумонӣ беш аз 53 дарсади онро ба даст овард. Аз ҷумла тибқи назарсанҷии Пажӯҳишгоҳи ҳамгироии Авруосиё ҳизби ҳокими «Аманат» дар интихоботи парлумонии Қазоқистон 53,46 дарсад овоз гирифтааст.

Дар баробари ин натиҷаҳои exit-poll нишон медиҳанд, ки дар умум шаш ҳизби сиёсии Қазоқистон ба палатаи поёнии парлумони ин кишвар роҳ ёфтанд.

Бояд гуфт, ки интихоботи қаблӣ ба парлумони Қазоқистон соли 2021 баргузор шуда буд. Ёдовар мешавем, ки Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон рӯзи 19-уми январи соли ҷорӣ парлумон ва маҷлисҳои маҳаллиро пароканда кард. Тоқаев таъкид кард, ки интихоботи пеш аз муҳлат дар чаҳорчӯби ислоҳоти Қонуни асосии Қазоқистон зарур аст.

Бояд гуфт, ки дар айни замон 70 дарсади вакилони палатаи поёнии парлумони Қазоқистон аз рӯйи рӯйхатҳои ҳизбӣ ва 30 дарсад аз ҳавзаҳои инфиродӣ интихоб мешаванд. Интихоботи намояндагии маҷлисҳои маҳаллӣ (маслиҳатҳо) аз рӯйи низоми омехта бо таносуби 50 ба 50 дарсад гузаронида мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед