Ru  | Tj
КҲФ: Аз  аввали сол дар обҳои Тоҷикистон 66 нафар ғарқ шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

КҲФ: Аз  аввали сол дар обҳои Тоҷикистон 66 нафар ғарқ шудааст

КҲФ: Аз  аввали сол дар обҳои Тоҷикистон 66 нафар ғарқ шудааст

Нашр шуд

Дар рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон се кӯдак дар пайи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар обҳо ғарқ шуданд, ки хурдтарини онҳо моҳи ноябр 2-сола мешуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки аз аввали соли ҷорӣ то кунун дар обҳои ин кишвар 31 нафар кӯдакони то 16-сола ғарқ шудаанд.

Ба иттилои ин ниҳод, 16 июн як сокини 10-солаи деҳаи Худгифи ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, ҳангоми оббозӣ дар канали обёрии деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ғарқ шуд. Баъди дарёфти маълумот корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот оғоз гардида, ҷасади писарбача пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Ҳодисаи дуввум дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд рух дод, ки рӯзи 16 июн як сокини 15-солаи хоҷагии деҳқонии ба номи Фирдавсии деҳаи Обурдони ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми оббозӣ дар канали «Тоҷикистон» ғарқ шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон афзуд, ки ҳодисаи дигар дар ноҳияи Лахш ба қайд гирифта шуд. Рӯзи 17 июни соли 2024 тахминан соати 05:00 рух додааст. Сокини дусолаи деҳаи Балхаки ҷамоати деҳоти Нурафшони ноҳияи Лахш ба ҷӯйборе, ки аз паси хона мегузарад, сарозер шуда, ғарқ шудааст.

Дар баробари ин гуфта мешавад, ки рӯзи 18 июн дар кӯли Комсомоли шаҳри Нораки вилояти Хатлон як наврас ғарқ шуд. Ғарқшуда як сокини 16-солаи деҳаи ба номи Исмат Шарифии ноҳияи Данғара буда, аз беэҳтиётӣ ҳангоми оббозӣ ғарқ шудааст.

Имдодгарон ҳамроҳ бо ғаввосони Неругоҳи барқиву обии Норак баъди гузаронидани амалиёти ҷустуҷӯву наҷот ҷасади наврасро берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Таъкид мешавад, ки сабаби аслии ба вуқӯъ омадани фоҷеаҳо ин оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ, риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва беназоратии наврасон мебошад.

Гуфтанист, ки аз аввали соли ҷорӣ то ба имрӯз дар обҳои Тоҷикистон 66 нафар ғарқ шуданд, ки 31 нафари онҳо кӯдакони то 16-сола мебошанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед