Ru  | Tj
КҲФ: Рӯзҳои 18-19 май боришоти шадид дар назар аст, эҳтиёт шавед!

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

КҲФ: Рӯзҳои 18-19 май боришоти шадид дар назар аст, эҳтиёт шавед!
Акс: аз манбаъҳои боз

КҲФ: Рӯзҳои 18-19 май боришоти шадид дар назар аст, эҳтиёт шавед!

Нашр шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон бори дигар ҳушдор дод, ки рӯзи 17 май дар баъзе ноҳияҳои кишвар тӯфони ғуборолуд боқӣ мемонад, аммо рӯзи 18 май боришоти шадид, раъду барқ ва жола пешгӯӣ мешавад. Инчунин, шамол бо суръати 4-9 м/с ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад.

Ба иттилои ин ниҳод, рӯзҳои 16-17 май дар ноҳияҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон (Хуросон, Балҷувон, Ховалинг, Мӯъминобод, Шамсиддин Шоҳин, ноҳияи Даштиҷум) омадани сел пешгӯӣ мешавад.

Дар вилояти Хатлон бошад 17-18 май ва шаби 19 май борон меборад. Аз ҷумла 18 май дар як қатор ноҳияҳои ин вилоят борон шиддат гирифта, раъду барқ ва жола дар назар аст.

Дар идома зикр мешавад, ки рӯзи 18 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ: шаҳри Душанбе (Лучоб, Хуҷамбиё, Чорбоғ, фурудгоҳ, 9 км), шаҳру ноҳияҳои Норак, Роғун, Ваҳдат, махсусан Симиганҷ, Ромит, Файзобод, Дарбанд, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш, Рӯдакӣ, Варзоб, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Қаратоғ, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (Кӯлоб, Ёвон, Хуросон, А.Ҷомӣ, Восеъ, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Мӯъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Даштиҷум), шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд (Панҷакент, Истаравшан, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчoх, Шаҳристон, Деваштич), инчунин дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Хоруғ) ҳарорати баланд хавфи омадани сел боқӣ мемонад.

Инчунин, 18 май дар аксари манотиқи Тоҷикистон боридани раъду барқ ва жола дар назар дошта шуда, дар аксари ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати рӯзона то 7-9 дараҷа паст мешавад.

Рӯзҳои 17-19 майи соли 2024 дар рудхонаҳои Зарафшон, Оби хингоб, Сурхоб, Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва рудҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (Варзоб, Лучоб, Харангон, Элок) ҷорӣ мешаванд, болоравии сатҳи об пешбинӣ мешавад.

Бо назардошти ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ширкатҳои сайёҳӣ дархост кард, ки дар ин рӯзҳо аз гаштугузор дар кӯҳҳо худдорӣ карда, ҳангоми убур аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ тамоми чораҳои эҳтиётиро андешанд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 5 май бар асари боронгариҳои шадид ва омадани сел дар Тоҷикистон 3 нафар ба ҳалокат расид.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед