Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
КҲФ: Садамаи нақлиётӣ дар Русия боиси ҳалокати 8 нафар шуд
Нашр шуд
Дар вилояти Нижний Новгороди Русия як садамаи нақлиётӣ боиси марги ҳашт нафар шуд. Ронандаи нақлиёти мусофирбари хурд шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод.
Ин ниҳод бо такя ба маълумоти пешакии Маркази навбатдори идораи ҳолатҳои бӯҳронии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, хабар дод, ки рӯзи 1 сентябр соати 11:00 (бо вақти Маскав) дар ҳудуди ноҳияи Навашински вилояти Нижний Новгород дар километри 357-уми шоҳроҳи Самара-Маскав худрави тамғаи «Хундай-Старекс» таҳти идораи ронандаи 32-солаи шаҳрванди Тоҷикистон ба садамаи нақлиётӣ дучор шуд.
Ҳангоми садама дар микроавтобус 12 нафар мусофир қарор дошт.
Дар натиҷаи садама 8 нафар ба ҳалокат расида, 4 нафари боқимонда ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса гурӯҳи тафтишотӣ ва кормандони мақомоти полиси Русия корҳоро идома медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол расонаҳои русӣ хабар доданд, ки 11 нафар мусофирони ин нақлиёт шаҳрвандони Узбекистон будаанд.
Раёсати корҳои дохилии вилояти Нижний Новгороди Русия пас аз садама, ки боиси марги ҳашт нафар шуд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Парвандаи мазкур тибқи қисми 5 моддаи 264-и Кодекси ҷиноии Русия - “Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда шахсон гардидааст”, кушода шуд. Дар ин модда ҷазо дар шакли маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати то ҳафт сол пешбинӣ шудааст.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед