Ru  | Tj
Кадом ширкатҳо парвозҳои Русия ва Тоҷикистонро анҷом медиҳанд?

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кадом ширкатҳо парвозҳои Русия ва Тоҷикистонро анҷом медиҳанд?

Кадом ширкатҳо парвозҳои Русия ва Тоҷикистонро анҷом медиҳанд?

Нашр шуд

Агентии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон низ қарори Ҳукумати Россияро оиди барқарор намудани парвозҳо шарҳ дод. Ду ширкате, ки то имрӯз парвозҳои чартерӣ ба як самт анҷом медоданд, акнун парвозҳои дутарафаро низ бар души худ мегиранд, гуфтанд дар Агентии авиатсияи шаҳрвандӣ. 

Ба самти Душанбе-Москва-Душанбе "Сомон-Эйр" парвоз анҷом медиҳад ва ба самти Москва-Душанбе-Москва ширкати Русияи "ЮтЭйр" ба зимаи худ мегирад. Дар ҳафта ҳар ширкат парвоз як маротиба иҷозат дода шудааст. 

Алҳол парвозҳо ба дигар шаҳрҳо ва оиди нарху навои чипта ҳануз хабаре нест.

Шаҳрвандоне, ки  бо мақсади кор, таҳсил ва саёҳат ба Русия мераванд, метавонанд озодона чипта дастрас намоянд, чунин мегуяд ҳуқуқшиноси соҳаи муҳоҷират Валентина Чупик. Танҳо, маълумотномаи ташхиси манфӣ оиди надоштани коронавирус на дертар аз 72 соатро бояд дошта бошанд.

Аммо, қарори қатъии ҳукумат марбут ба ин масъала, ҳануз набаромадааст.

Парвозҳои мунтазами Россия бо Тоҷикистону Ӯзбекистон барқарор шуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед