Ru  | Tj
Карзай ба Украина: “Мо поймол шудем, шумо аз Афғонистон ибрат бигиред”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Карзай ба Украина: “Мо поймол шудем, шумо аз Афғонистон ибрат бигиред”
Акс: Интернет

Карзай ба Украина: “Мо поймол шудем, шумо аз Афғонистон ибрат бигиред”

Нашр шуд

Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай гуфт, Украина бояд аз Афғонистон ибрат гирад.

Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон дар мусоҳиба бо як хабаргузории ҳиндӣ гуфтааст, Украина набояд ба қудратҳои бузург иҷоза диҳад, ки дар он ҷо ҷангу рақобатҳои пинҳонӣ анҷом диҳанд.

Ин хабаргузорӣ аз қавли Ҳомид Карзай гуфта, ки кишварҳое чун Афғонистон ва Украина набояд ба бозиҳои қудратҳои бузург дохил шаванд.

“Ҷангҷӯёни хориҷӣ ба Афғонистон низ омаданд ва мо пайомадҳои вуруди онҳо ба Афғонистонро мисли Уссома бин Лодин ва дигарон дидем ва то ҳол аз он ранҷ мекашем” – гуфтааст Ҳомид Карзай. 

Дар солҳои ахири ҳукмрониаш дар Афғонистон Ҳомид Карзай ба мунтақидони ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар ин кишвар табдил ёфта буд ва Амрикоро ба адами иҷрои тааҳудоти худ айбдор мекард.


Дар Афғонистон занон паймон кардаанд, ки тиллои худро барои дастгирии муқовимат ба фурӯш бароранд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед