Ru  | Tj
Кашфи миллиардҳои шубҳанок, беш аз 800 кг маводи мухаддир ва аслиҳа дар кишварҳои СПАД

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кашфи миллиардҳои шубҳанок, беш аз 800 кг маводи мухаддир ва аслиҳа дар кишварҳои СПАД
Акс: аз манбаъҳои боз

Кашфи миллиардҳои шубҳанок, беш аз 800 кг маводи мухаддир ва аслиҳа дар кишварҳои СПАД

Нашр шуд

Дар ҷараёни як амалиёти зидди маводи мухаддир дар кишварҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ беш аз 800 кг маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст.

Дар ҷараёни амалиёти вижа ҳамчунин беш аз 27 ҳазор амалиёти шубҳаноки молиявӣ ба маблағи 16 миллиард рубли русӣ муайян шуд.

Дар ҷараёни амалиёти зидди маводи мухаддири "Масир - амалиёти Шарқи Дур" дар қаламрави кишварҳои СПАД инчунин беш аз 13 тонна маводи кимиёӣ мусодира карда шуд.

Натиҷаи ин амалиётро дар Владивосток Андрей Храпов, муовини вазири корҳои дохилии Русия ҷамъбаст кард. Дар ин бора ба ТАСС маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дод.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи чорабиниҳои ҳамоҳангшуда дар қаламрави кишварҳои СПАД аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 800 кг маводи мухаддир, аз ҷумла 627 кг бангдона, беш аз 27 кг ҳашиш, беш аз 128 кг мефедрон, 3,7 кг метамфетамин ва беш аз 13 тонна маводи кимиёвӣ мусодира шуд.

Дар баробари ин 522 ҷинояти марбут ба маводи мухаддир ошкор карда шуд, ки 154-тои он гуруҳӣ содир шудааст.

"Инчунин 9 ҳолати қонунигардонии даромадҳои маводи мухаддир ба қайд гирифта шудааст.  341 нафар ба чавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. 536 сайти интернетӣ муайян карда шуд, ки тавассути онҳо маълумоти мамнӯъ дар бораи маводи мухаддир паҳн карда мешуд", - гуфта мешавад дар гузориш.

Илова бар ин, дар ҷараёни амалиёти вижа, ки аз 23 то 28 июн сурат гирифт, беш аз 27 ҳазор муомилоти молии шубҳанок ба маблағи 16 миллиард рубл ошкор шудааст.

"78 аслиҳаи оташфишон ва қариб 5 ҳазор дона лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуд. Воҳидҳои иктишофии молиявии кишварҳои узв 27 ҳазор амалиёти шубҳаноки молиявии 300 нафар шаҳрвандонро ба маблағи беш аз 16 миллиард рубл муайян карданд»,- иттилоъ додааст ВКД Русия.

Гуфта мешавад, ки зимни натиҷагирӣ аз ин амалиёт намояндагони воломақоми интизомии Белорус, Тоҷикистон ва Қирғизистон низ ширкат доштанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед