Ru  | Tj
Хабари хуш пас аз шикасти варзишгарони тоҷик дар Токио: Медали тилло аз Қаҳрамонии ҷаҳон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Хабари хуш пас аз шикасти варзишгарони тоҷик дар Токио: Медали тилло аз Қаҳрамонии ҷаҳон
Акс: Sputnik Тоҷикистон

Хабари хуш пас аз шикасти варзишгарони тоҷик дар Токио: Медали тилло аз Қаҳрамонии ҷаҳон

Нашр шуд

Хуршед Қудратов дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ медали тилло ба даст овард.

Ба иттилои Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ин сабқат дар шаҳри Софияи Булғористон миёни ҷавонони аз 12 то 18 сола баргузор гардида, дар он намояндагони беш аз 23 кишвари дунё зӯрозмоӣ карданд.

Дар баробари Далер инчунин чор варзишгари навраси тоҷик - Исмоил Зайниддинов, Аслиддини Баҳриддин, Сафиаллоҳи Маҳмадалӣ ва Умед Маҳмадиев соҳиби медали биринҷӣ гардидаанд.

Пас аз ноком шудани ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио ин нахустин хабари ба даст овардани медали тилло дар Қаҳрамонии ҷаҳон аз сӯи варзишгарони тоҷик аст.

Тоҷикистонро дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Ҷопон 10 варзишгар – Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (дар риштаи бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо), Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ) ва Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук) намояндагӣ карданд, аммо нафаре аз онҳо соҳиби медал нашуд.

Варзишгарбонуи тоҷике, ки ҳама рекордҳоро шикаст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед