Ru  | Tj
Хадамоти алоқа: Ширкатҳои мобилӣ аз боло бурдани арзиши хидматрасониҳо худдорӣ кунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Хадамоти алоқа: Ширкатҳои мобилӣ аз боло бурдани арзиши хидматрасониҳо худдорӣ кунанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Хадамоти алоқа: Ширкатҳои мобилӣ аз боло бурдани арзиши хидматрасониҳо худдорӣ кунанд

Нашр шуд

Хадамоти алоқаи ҳукумати Тоҷикистон бори дувум ба ширкатҳои иртиботи мобилӣ дар ин кишвар ҳушдор дод, ки аз боло бурдани нархи хидматрасониҳо худдорӣ кунанд.

Ин бори дувум аст, ки Хадамоти алоқа ба тасмими ширкатҳои мобилӣ барои афзоиши бурдани нархи хидматрасониҳо мухолифат мекунад.

Ин ниҳод бо нашри изҳорот бори дигар аз ширкатҳои фароҳамгари иртиботи мобилӣ ва интернет дархост кард, ки тасмими худ барои афзоиши нархи хидматрасониҳоро бознигарӣ кунанд.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ки ин тасмим ба раванди беҳтар кардани сифати хидматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва вазъи иқтисодиву иҷтимоъии аҳолии ин кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Бинобар ин Хадамоти алоқа ба мавқеъи қаблии худ дар ин замина таъкид карда, афзоиши нархи хидматрасониҳоро ғайримақсаднок меҳисобад. Аз ҷумла ба гуфтаи Хадамоти алоқа баланд бардоштани арзиши хидматрасониҳои алоқаи мобилӣ барои раванди гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ монеъа эҷод мекунад.

Ин ниҳод афзуд, ки бо назардошти ин Хадамоти алоқа аз тамоми ширкатҳои мобилӣ даъват кард, ки аз ҳар гуна иқдоми носанҷида ва ҳангомабарангез даст кашанд.

Ҳамчунин Хадамоти алоқа ба сифати мақоми ваколатдори соҳаи алоқа аз дигар ниҳодҳои дахлдори масъул низ дархост кард, ки ин гуна тасмимҳоро мувофиқи ниёзҳои иқтисодии ҷомеъа баҳо диҳанд, зеро ин иқдом бо ҳадафҳои раҳбарияти олии кишвар ҷиҳати паст кардани арзиши хидматрасониҳои мобилӣ ва баланди бурдани сифати алоқаи барқӣ дар мухолифат қарор дорад.

Ёдоварӣ мекунем, ширкатҳои хусусии алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон ният доштанд, ки аз арзиши хидматрасониҳоро аз моҳи феврали соли равон ҳадди ақал 10 дарсад боло баранд.

Дар ҳамин ҳол Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қаблан эълон кард, ки даромади ширкатҳои мобилӣ дар соли 2023 7.8 дарсад афзуда, ба беш аз 3 милярду 867,6 милён сомонӣ расид.

Тибқи иттилои расмӣ, дар айни замон шумораи муштариёни ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон 7,8 милён кас буда, 4,8 милёни он муштариёни фаъол мебошанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед