Ru  | Tj
Хадамоти гумрук: Муомилоти молии Тоҷикистон бо кишварҳои узви СҲШ зиëд шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Хадамоти гумрук: Муомилоти молии Тоҷикистон бо кишварҳои узви СҲШ зиëд шудааст
Акс: Интернет

Хадамоти гумрук: Муомилоти молии Тоҷикистон бо кишварҳои узви СҲШ зиëд шудааст

Нашр шуд

Ҳаҷми муомилоти молии Тоҷикистон бо Қирғизистону Покистон коҳиш ва бо дигар кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай афзоиш ëфтааст.

Тоҷикистон давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ бо кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳаҷми 2 миллиарду 871 миллион доллар табодули молу коло кардааст,   - хабар додааст, Хадамоти гумруки кишвар.

Ба гузориши Sputnik, ҳаҷми табодули мол дар ин давра бо ду кишвари узви СҲШ — Қирғизистон ва Покистон кам шудаву дар ин баробар бо дигар давлатҳо, аз ҷумла Қазоқистон, Русия, Чин, Узбекистон ва Ҳиндустон афзоиш ëфтааст.

Гуфта мешавад, аз ин миқдор ба воридоти мол аз кишварҳои СҲШ ҳудуди 2,1 миллиард доллар рост омадааст ва Тоҷикистон танҳо ба арзиши камобеш аз ҳаштсад миллион доллар ба ин кишварҳо маҳсулот содирот намудааст.

Манбаъ меафзояд, шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар СҲШ Русия, Қазоқистон, Чин ва Узбекистон боқӣ мондаанд ва маблағи муомилот бо ин кишварҳо аз оғози соли 2022 ба беш аз 2,7 миллиард доллар расидааст.

Қаблан мақомоти расмии Тоҷикистон гуфта буданд,  дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистону Русия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 42 дарсад афзоиш ëфта, ба беш аз 900 миллион доллар баробар  гаштааст.

Русия, Тоҷикистон, Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва Узбекистон узви Созмони ҳамкории Шанхай ҳастанд. Интизор меравад, имсол ба ин созмон Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам бипайвандад.

Идизода ва ал-Решайдон ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону Саудиро баррасӣ намуданд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед