Ru  | Tj
Хадамоти зиддиинҳисор ва ҳукумати шаҳр аз гарон шудани хизматрасонии таксӣ дарак надоранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Хадамоти зиддиинҳисор ва ҳукумати шаҳр аз гарон шудани хизматрасонии таксӣ дарак надоранд
Акс: Интернет

Хадамоти зиддиинҳисор ва ҳукумати шаҳр аз гарон шудани хизматрасонии таксӣ дарак надоранд

Нашр шуд

Ҳукумати шаҳри Душанбе ба ширкатҳои хизматрасонии таксӣ дастур додааст, ки тарофаи роҳкироро қимат накунанд. Сокинони пойтахт аз гароншавии нарх дар таксиҳои шаҳр шиква мекунанд, вале хадамоти таксӣ ва ҳукумати шаҳр ин фактро рад мекунанд.

Ба иттилои "Азия-плюс", шурӯъ аз 26-уми август дар таксиҳои шаҳр тарофаи нав ҷорӣ шудааст, ки мувофиқи он минбаъд ба ҷойи 3 километр 2 километри аввал 10 сомон арзиш дорад. Масофаи баъдӣ мисли вақтҳои қаблӣ 2.5 сомонӣ нею, балки 3 сомон нарх карда мешавад.

Ба шарҳи "Душанбехадамотнақлиётрасон", то таҷлили 30- солагии Истиқлолият арзиши хизматрасониҳои нақлиёти ҷамъиятӣ гарон намешаванд ва шояд пас аз ҷашн нархҳо боло нараванд.

Рӯзи 1-уми сентябр муовини раиси шаҳр Фирдавс Саидзода ҳангоми вохӯрӣ бо роҳбарони ширкатҳои таксӣ онҳоро ҳушдор додааст, ки худсарона арзиши роҳкироро баланд набардоранд.

Дар вохӯрӣ намояндаи Хадамоти зиддиинҳисор дар Душанбе С. Нарзулоев роҳбарони хадамоти таксиро водор намудааст, ки дар ҳолати ворид гардидани шикоят ба хадамот оид ба масъалаи мазкур нисбат ба ширкатҳое, ки худсарона тарофаҳоро гарон мекунанд, чораҳои лозима андешида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки арзиши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон якбора гарон шуд ва ҳоло нархи газ 9,3 сомонӣ, АИ-92 10 сомонӣ сӯзишвории дизелӣ 9.80 сомонӣ арзиш дорад.



Дар Тоҷикистон бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон 16 ҳазор нафар зиндониҳо авф мегарданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед