Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Харитаи электронии роҳҳои Тоҷикистон таҳия мешавад
Нашр шуд
Мақомоти Тоҷикистон дар ояндаи наздик харитаи электронии роҳҳои ин кишварро таҳия карда, сабти рақамии шоҳроҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро ба анҷом мерасонанд.
Дар ин бора Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни суханронӣ дар доираи «Ҳафтаи нақлиёт» дар Маскав эълон кард, иттилоъ дод хабаргузории ТАСС.
Азим Иброҳим ҳамчунин гуфт, ки Тоҷикистон ният дорад дар ояндаи наздик барои рушди зерсохтҳои нақлиётӣ ҳудуди 6,3 миллиард доллар ҷалб кунад. Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Тоҷикистон тарҳҳои сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 100 миллион доллар барои бунёди маҷмааҳои логистикии дорои аҳамияти минтақаӣ ва байналмилалӣ ва даҳҳо тарҳро ба маблағи беш аз 5 миллиард доллар дар соҳаи роҳи оҳан таҳия кардааст.
Дар ин бора Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни суханронӣ дар доираи «Ҳафтаи нақлиёт» дар Маскав эълон кард, иттилоъ дод хабаргузории ТАСС.
"Мо ба рақамикунонии нақлиёт аҳамияти ҷиддӣ медиҳем. Бо ин мақсад бо қарори ҳукумат Маркази рақамисозии нақлиёти автомобилии Тоҷикистон таъсис шуд. Ҳамагӣ дар як соли фаъолияти ин муассиса баҳисобгирӣ гузаронида шуда, сертификатсияи ин роҳҳо низ омода мешавад. Аз 5,6 ҳазор километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ аллакай ҳудуди 5 ҳазор км рақамӣ шудаанд. Ва барои аввалин бор дар таърих дар ояндаи наздик харитаи электронии роҳҳо дар Тоҷикистон таҳия мешавад”, - гуфт Азим Иброҳим.Вазири нақлиёти Тоҷикистон афзуд, ки мақомоти ин кишвар ба рушди шабакаҳои нақлиётии аз ҷиҳати экологӣ устувор таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд, ки барои он барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2028-ро тасвиб шудаст.
Азим Иброҳим ҳамчунин гуфт, ки Тоҷикистон ният дорад дар ояндаи наздик барои рушди зерсохтҳои нақлиётӣ ҳудуди 6,3 миллиард доллар ҷалб кунад. Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Тоҷикистон тарҳҳои сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 100 миллион доллар барои бунёди маҷмааҳои логистикии дорои аҳамияти минтақаӣ ва байналмилалӣ ва даҳҳо тарҳро ба маблағи беш аз 5 миллиард доллар дар соҳаи роҳи оҳан таҳия кардааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед