Ru  | Tj
Хитоби Вазорати маориф ба донишҷӯёни тоҷику қирғизи Тоҷикистону Қирғизистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Хитоби Вазорати маориф ба донишҷӯёни тоҷику қирғизи Тоҷикистону Қирғизистон
Акс: Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Хитоби Вазорати маориф ба донишҷӯёни тоҷику қирғизи Тоҷикистону Қирғизистон

Нашр шуд

Вазорати маориф ва илми  Тоҷикистон дар як хабарномаи фаврӣ аз донишҷӯёни тоҷике дар Қирғизистон ва донишҷӯёне қирғизе, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд, хостааст, то ба таҳсили худ давом диҳанд ва ба ҳеч гуна сару садо ва овозаҳои беасосе бовар накунанд.

Дар ин хабарнома гуфта мешавад, ки  «Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, мерасонад, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накарда, таҳсилро тибқи муқаррарот дар муассисаҳои худ идома диҳанд"

Ин ҳушдори Вазорати маориф зоҳиран бар пайи сару садоҳое бархостааст, ки бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон нигаронӣ кардаанд, ки бар пайи ҳодисаҳои ахири марзӣ эҳсоси хатар мекунанд. 

Аммо Вазорати маориф мегӯяд, ки ҳеч гуна хатаре ба донишҷӯёни ду кишвар таҳдид намекунад ва онҳо метавонанд бидуни мушкил ба дарсҳои худ идома бидиҳанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки агар дар ин замина мушкиле пеш ояд ё суол пайдо шавад, ҳамаи шахосни алоқаманд метавонанд ба  Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо шумораҳои 223-23-73, 227-65-60 ва 221-30-33 тамос бигиранд. 

Созиши Душанбе ва Бишкек: ҷонибҳо ба Ворух роҳи мошингарди ҷудогонаи Тоҷикистонро месозанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед