Ru  | Tj
Хизматчиёни давлатӣ бояд то 1 апрел оиди манбаъҳои даромади худ ҳисобот диҳанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Хизматчиёни давлатӣ бояд то 1 апрел оиди манбаъҳои даромади худ ҳисобот диҳанд

Хизматчиёни давлатӣ бояд то 1 апрел оиди манбаъҳои даромади худ ҳисобот диҳанд

Нашр шуд

Ҳамаи хизматчиёни давлатии Тоҷикистон вазифадоранд, ки то 1 апрели соли ҷорӣ оиди ҳамаи манбаъҳои даромади худ ҳисобот диҳанд. Яъне, шаҳрванди дар вазифаи давлатӣ қарор дошта вазифадораст, ки ба ғайр аз музди меҳнаташ оиди амволи ба амволи доштааш, хона ё замини ба иҷора дода шуда, қоғазҳои кимматнок, ҷавоҳирот, пасандоз дар бонкҳо ва дивидендҳо,  ҳисобот пешниҳод кунад. 

Инчунин гуфта шудааст, ки хизматчии давлатие, ки аз фаъолияти илмию омузгориаш даромад мегирад, ба ин гурӯҳ дохил мешавад.

Барои содда гардонидани ин амалиёт имсол ба таври электронӣ дар “саҳифаи инфиродии андозсупоранда”-и худ метавонанд декларатсияро пур кунанд. 

Дар ҳолати маълумотҳои бардуруғ пешниҳод шуда, ё пинҳон намудани баъзе манбаъҳои даромад ба кор қабул карда намешаванд,  ин, ки аз кор озод мешаванд. Дар Тоҷикистон тақрибан 20 ҳазор хизматчии давлатӣ мебошад.

Лоиҳаи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед