Ru  | Tj
Хизматрасонии намояндагии хадамоти раводиди Русия дар Душанбе пулакӣ мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Хизматрасонии намояндагии хадамоти раводиди Русия дар Душанбе пулакӣ мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Хизматрасонии намояндагии хадамоти раводиди Русия дар Душанбе пулакӣ мешавад

Нашр шуд

Хизматрасонии намояндагии хадамоти шиноснома ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия дар Душанбе аз 1 сентябр пулакӣ мешавад. 

Дар ин бора Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дод.

Дар хабар гуфта мешавад, ки то ин рӯз хидматрасонӣ дар намояндагии мазкур ройгон расонида мешаванд. Дар хабари нашршуда арзиши хизматрасонӣ нишон дода нашудааст.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории "Азия плюс" бо такя ба Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон навишт, ки арзиши хизматрасонии ин марказ беш аз 400 сомонӣ хоҳад буд. 

Бояд гуфт, ки намояндагии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон рӯзи 28 майи соли ҷорӣ ба кор шурӯъ кард.

Ҳадафи таъсиси намояндагии мазкур анҷоми  санҷишҳои пеш аз сафар ба Русия дар ҳудуди Тоҷикистон аст. Шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доранд, дар ин марказ бақайдгирии изи ангушт ва санҷиши манъи вуруд ба ҳудуди Русия гузаранд.

Бояд гуфт, ки тибқи омори расмӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 387 ҳазор нафар ё худ беш аз 90 дарсади муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд.

Ҳамзамон зикр мешавад, ки дар ин муддат муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия нисбати соли гузашта 15% коҳиш ёфтааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед