Ru  | Tj
Хоҳари Эмомалӣ Раҳмон дар 64 солагӣ даргузашт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Хоҳари Эмомалӣ Раҳмон дар 64 солагӣ даргузашт
Акс: Интернет

Хоҳари Эмомалӣ Раҳмон дар 64 солагӣ даргузашт

Нашр шуд

Қалби хоҳари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қурбонбӣ Раҳмонова рӯзи гузашта аз тапидан монд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президент иттилоъ медиҳад.

Қурбонбӣ ҳамагӣ 64 сол дошт. Ба иттилои "Азия-плюс" Қурбонбӣ Раҳмонова бемории коронавирус дошт ва дар беморхонаи клиникии №5-шаҳри Душанбе (Медгородок) табобат мегирифт.

Маросими дафни ӯ имрӯз, 21-уми июл дар шаҳри Данғара баргузор мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар даргузашти Қурбонбӣ Раҳмонова ҳамдардии худро ба Сарвари давлат ва аҳли наздикони ӯ мерасонад.

Ёдовар мешавем, ки модари ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми июл дар синни 88-солагӣ даргузашта буд.



Модарарӯси Эмомалӣ Раҳмон даргузашт

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед