Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи авруосиёӣ 18 медал ба даст оварданд
Нашр шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 16-уми авруосиёӣ аз фанни информатика сазовори 3 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.
Олимпиада дар шаҳри Алматои Қазоқистон байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ин олимпиада аз Тоҷикистон 39 хонанда иштирок намуд.
Зикр мешавад, ки дар даври ниҳоии олимпиада 77 даста бо фарогирии 231 хонанда аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия иштирок намуд.
Бояд гуфт, ки олимпиадаи мазкур 13-14 декабр баргузор гардида, ҳадафи он баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии хонандагон ва дарёфти чеҳраҳои боистеъдод дар бахши технологияи иттилоотӣ, фанноварӣ ва моделсозии компютерӣ мебошад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед