Ru  | Tj
Хости фаъолони маданӣ аз шаҳрдорӣ: “Роҳкирои талабаҳо дар Душанбе бояд ройгон шавад”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Хости фаъолони маданӣ аз шаҳрдорӣ: “Роҳкирои талабаҳо дар Душанбе бояд ройгон шавад”
Акс: ASIA Plus

Хости фаъолони маданӣ аз шаҳрдорӣ: “Роҳкирои талабаҳо дар Душанбе бояд ройгон шавад”

Нашр шуд

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дастаҷамъона аз шаҳрдории Душанбе, хостори коҳиши панҷоҳ дар садӣ ва ё ройгон кардани роҳкиро барои хонандагони мактаб шудаанд.

Онҳо як номаро бо имзои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ нашр кардаанд, ки мутобиқи он аз Рустами Эмомалӣ, Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бевосита хостори ройгон ё коҳиши панҷоҳ дар садии роҳкиро барои рафту омади хонандагони мактаб шудаанд.

Дар бахши асосии ин нома чунин оварда шудааст: "Муҳтарам Рустами Эмомалӣ, хоҳиш меномем, ки имкони ҷорӣ кардани сафари ройгон барои мактабхонҳо ё 50 фоиз тахфифи солона дар нақлиёти ҷамъиятиро баррасӣ кунед".

Ҳамчунин, дар ин нома аз шаҳрдории Душанбе хоста шудааст, ба ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ иҷоза дода нашавад, ки мусофирони ноболиғи бебилетро аз автобус поин кунанд, зеро дар ин сурат кӯдакон наметавонанд сари вақт ба дарсу хона бирасанд.

Шаҳрдории Душанбе то кунун ба ин хости фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ вокунише нишон надодааст.

Қобили ёдоварист, ки 10-уми ноябри соли ҷорӣ роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахти Тоҷикистон боло рафт.

Арзиши роҳкиро барои донишҷӯён ва наврасон маълум шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед