Ru  | Tj
Кишоварзони Ӯзбекистон бидуни мушорикати бонкҳо 130 миллион доллар қарз дарёфт мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кишоварзони Ӯзбекистон бидуни мушорикати бонкҳо 130 миллион доллар қарз дарёфт мекунанд
Акс: Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон

Кишоварзони Ӯзбекистон бидуни мушорикати бонкҳо 130 миллион доллар қарз дарёфт мекунанд

Нашр шуд

Аз 1-уми апрели соли ҷорӣ соҳибкорон дар Ӯзбекистон метавонанд бидуни мушорикати бонкҳо мустақиман аз давлати ин кишвар қарз бигиранд. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон хабар дод.

Ба навиштаи пойгоҳи fergana.agency, барои чунин қарзҳо 130 миллион доллар ҷудо мешавад, ки Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон ин маблағро миёни соҳибкорон дар бахши кишоварзӣ тақсим мекунад.

Гуфта мешавад, ки барои дарёфти ин қарз соҳибкорон бояд лоиҳаҳои худро тавассути пойгоҳи шаффофи электронии ин вазорат пешниҳод намоянд. Қарз бо меъёри 14%-и солона ба муҳлати то 10 сол барои парвариш, коркард, хариди маҳсулот ва таҷҳизот дода мешавад.

Зикр мешавад, ки масъалаи ҷорӣ кардани «қарзҳои мустақим» барои соҳибкорон дар ҷаласаи марбут ба чораҳои афзоиши тавлиди маводи ғизоӣ ва ташкили муассири мавсими киштукори баҳорӣ, ки рӯзи 23-юми март аз сӯйи раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид, эълом шуд.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки дар солҳои охир барои парвариши зироатҳои ғизоӣ 200 ҳазор гектар замин ҷудо шуда, ба таври иловагӣ 500 ҳазор гектар замини дигар ба гардиши кишоварзӣ бароварда шуд.

Инчунин Мирзиеёв дар ин ҷаласа хабар дод, ки бораи озод кардани 35 намуди озуқа аз боҷи воридотӣ то моҳи январи соли 2024 фармони дахлдор имзо карда шуд. Ба ин рӯйхат гӯшт ва маҳсулоти ширӣ, тухм, консервҳои гӯшт ва моҳӣ, ғалладона, орд, сабзавот, мева ва ғайра дохил мешаванд.

Дар баробари ин ба шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки ба феҳристи иҷтимоӣ шомил ҳастанд, ҳангоми харидани гӯшти гов, гӯсфанд ва мурғ, тухм ва равғани рустанӣ маблағи андоз аз арзиши иловашуда ҷуброн карда мешавад. Ин иқдом беш аз 2 миллион хонавода дар Ӯзбекистонро фаро хоҳад гирифт.

Дар умум дар ин ҷаласаи назди раисҷумҳури Ӯзбекистон таъкид шуд, ки соли ҷорӣ дар ин кишвар барои қарзҳои имтиёзнок, маблағгузории мустақим барои хариди тухмӣ, ниҳолҳо, нуриҳои минералӣ ва маҳсулоти тайёр 6,2 триллион сӯм (544 миллион доллар) ҷудо мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед