Ru  | Tj
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷи Форс шарикиро таҳким мебахшанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷи Форс шарикиро таҳким мебахшанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷи Форс шарикиро таҳким мебахшанд

Нашр шуд

Вазирони корҳои хориҷӣ дар як нишаст дар Тошканд рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ғайраро баррасӣ карданд.

Рӯзи 15-уми апрел дар шаҳри Тошканд Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи дувуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс дар умури муколамаи роҳбурдӣ (стратегӣ), иштирок ва суханронӣ кард.

Ба иттилоъи ин ниҳод, дар нишасти мазкур вазирон дар бораи вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо бо тамаркуз ба татбиқи натиҷаҳои нишасти якуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс, ки 19-уми июли соли 2023 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ сурат гирифта буд, табодули афкор карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ гуфт, ки дар пасманзари таҳаввулоти босуръат дар сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ, муколамаи самимона ва боэътимод байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс аҳаммияти вежаро касб мекунад.

Дар баробари ин таъкид мешавад, ки дар ҷараёни нишаст вазирони корҳои хориҷӣ дар робита ба омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони кишварҳо дар қолаби  «Шурои ҳамкории Осиёи Марказӣ дар кишварҳои Халиҷи Форс», ки баргузории он соли 2025 дар Самарқанд дар назар аст, табодули назар карданд.

Бояд гуфт, ки дар ин ҷаласа ҳайатҳои Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Баҳрайн, Қатар, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Уммон, Арабистони Саудӣ ва Озарбойҷон ба ҳайси меҳмони фахрӣ ширкат карданд.

Аз натиҷаи ҷаласа баёнияи муштараки Ҷаласаи дувуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс қабул гардид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед